ABNA24 : Ба гузориши сомонаи Спутник, Тӯра Боболов ин матлабро дар ҳамоиши муштараки сармоягузорони вилояти Хатлон ва Сурхондарё дар шаҳри Тирмиз эълом кард.
Вай таъкид кард, “Сармоягузорони тоҷик барои татбиқи 14 лоиҳа дар солҳои 2019-2020 ба лоиҳаҳои хориҷӣ 10,1 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд. Дар солҳои 2021-2022, соҳибкорони тоҷикистонӣ дар Сурхондарё барои татбиқи чор лоиҳаи гуногун 24 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард”,
Вай ҳамзамон таъкид дошт, ки соли гузашта гардиши савдои хориҷии Сурхондарё бо Тоҷикистон 21,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 128 фоиз афзудааст.
Ҳамзамон ҳокими Сурхондарё Тӯра Боболов иттилоъ дод, дар вилоят 5 маркази миллию фарҳангии тоҷикон мавҷуд аст. Дар 80 мактаби миёна насли наврас бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ-тоҷикӣ таълим мегиранд. Донишгоҳи давлатии Термиз ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои мактабҳои тоҷикзабон оғоз кардааст.
Дар поёни ин ҳамоиш Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон вв Тӯра Боболов, раиси вилояти Сурхондарёи Узбекистон чанд санади ҳамкорӣ имзо карданд.
342/