ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс ҳамчунин арзиши кумакҳои ирсолӣ ба Тоҷикистон дар муқоиса бо апрели ва майи соли гузашта низ 1 миллиону 500 ҳазор доллар камтар аст.
Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун ҳам 25.4 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст .
Таи панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 28 кишвар ҳудуди 8 ҳазор тон анвоъи таҷҳизоти пизишкӣ, колои доруӣ ва маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон ирсол карданд .
Ҳамчунин аз оғози имсол то кунун Чин 31 дарсад, Русия 17 дарсад, Ҳинд 16 дарсад, Иёлоти Муттаҳида 7 дарсад, Ҷопон 6 дарсад, Кория 4 дарсад , Швейтсария ва Белгия 3 дарсад, Олмон 3 дарсад,Ҳоланд 2 дарсад ва Италия 1 дарсад аз саҳми кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистонро ба худ ихтисос доданд.
342/