Ба гузориши агентӣи хабарии Абна, воситаҳои ахбори сионистӣ эълом карданд, ки баъзе гузоришҳо аз зарбаи мустақими мушакҳои Эрон ба яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико дар Урдун ҳикоят доранд.
Дар пайи оғози посухи қувваҳои мусаллаҳи кишвари мо ба таҷовузҳои охирини Амрико, воситаҳои ахбори Урдун чанд дақиқа пеш хабар доданд, ки садои чанд таркиш дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар шунида шудааст.
Баъзе хабарҳои тасдиқнашуда низ аз ҳамлаи шадид ва зарбаи мушакҳои баллистикӣ ба пойгоҳи ҳавоии "Муваффақ ас-Салтӣ" дар Урдун, ки низомиёни террористи амрикоӣ дар он ҷо мустақарранд, ҳикоят доранд.
Амрикои ҷинояткор имрӯз бори дигар ба минтақаҳои кишвари мо ҳамла кард ва қувваҳои мусаллаҳи кишвари мо низ фавран посухи қатъӣ ва кӯҳанда ба ин ҳамлаҳоро оғоз карданд.
Воситаҳои ахбори режими сионистӣ аз зарбаи мустақими мушакҳои Эрон ба пойгоҳи Амрико дар Урдун хабар доданд.
Your Comment