11 Апрел 2021 - 20:33
Ироқчӣ : Агар Амрико ҳамаи таҳримҳоро бекор кунад, Эрон ба таъаҳҳудоти худ амал мекунад

Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Агар Амрико ҳамаи таҳримҳоро бекор кунад Эрон низ ба таъаҳҳудоти барҷомии худ амал мекунад.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббоси Ироқчӣ дар гуфтугу бо шабакаи телевизиюнӣ NHK-и Жопун гуфт : Дар масири дурусте ҳаракат мекунем ва фазои гуфтугӯ созанда ва мусбат аст.

   Ироқчӣ афзуд : Бузургтарин монеъи эҳёи Барҷом ин аст, ки давлати феълии Амрико тамоюле надорад таҳримҳои давлати Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии собиқи Амрико алайҳи Эронро мутаваққиф кунад.

    Ба гуфтаи вай мавзеи Эрон ин аст, ки агар Амрико бихоҳад ба тавофуқи ҳастаӣ баргардад, илова бар таҳримҳои муртабит бо Барҷом бояд тамоми таҳримҳои эҷодшудаи давлати қаблиро бекор кунад .

 Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт : Иқдомоти мутақобили Эрон дар посух ба нақзи Барҷом монанди тавлиди  уран  бо ғилзати 20 дарсад ва истифода аз сентрифугаҳо бо амалкарди боло дар ин марҳалаҳо мутаваққиф намешавад ва агар Амрико ҳамаи таҳримҳоро лағв кунад, Эрон низ ба таъаҳҳудоти худ амал хоҳад кард .

342/