ABNA24 : Масъулияти ҳамла ба ҳар се корвони амрикоиро гурӯҳи Қосим Алҷабборин бар ӯҳда гирифтааст.
Дар моҳҳои ахир борҳо корвонҳои ҳомили таҷҳизоти пуштибонӣ барои низомиёни амрикоии мустақар дар пойгоҳҳои низомии мухталиф дар Ироқ ҳадафи инфиҷори бомбаҳои канорироҳӣ қарор гирифтаанд.
Ин корвонҳо бештар аз марзи Сурия дар ғарб ё марзи Кувайт дар ҷануб вориди Ироқ мешаванд.
Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва парлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.
342/