14 Март 2021 - 15:48
Баргузории шашумин нишасти тахассусии ҳуқуқи башари амрикоӣ аз дидгоҳи Раҳбари муаззами инқилоб

Шашумин нишасти тахассусии ҳуқуқи башари амрикоӣ аз дидгоҳи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Туркия баргузор шуд.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шашумин нишасти тахассусии ҳуқуқи башари амрикоӣ бо тиловати оёте аз Қуръони карим ва қироати паёми Оятуллоҳ Узмо Алавии Гургонӣ тавассути дабири кулли Созмони ҷавонони ҳуқуқи башар дар маркази илмӣ-фарҳангии Муҳамад Мустафо ( с ) воқеъ дар минтақаи Эсен Юрти Истамбул баргузор гардид.  

Оятуллоҳи Узмо Алавии Гургонӣ  дар паёми худ таъкид кард, ки Амрико ало рағми зоҳирии мудофеъи ҳуқуқи башар бештарин ноқизи ҳуқуқ башар аст.

Оятуллоҳи Узмо Алавии Гургонӣ бо истинод ба фармоиши Раҳбари муъаззами инқилоб фармуд ҳар каси дигаре дар бораи ҳуқуқи башар ҳарф бизанад, амрикоиҳо ҳақ надоранд дар бораи ҳуқуқи башар ҳарф бизананд; чун давлати Амрико бузургтарин нақзкунандаи ҳуқуқи башар дар дунёст. 

Аввалин сухангӯи расмии ин нишаст Қодир Акарас, раиси Анҷумани уламои Аҳлибайт (а) Туркия буд.  Вай дар бораи дидгоҳи Ислом ба ҳуқуқи башар сухан гуфт. Вай афзуд, ки инсонҳо новобаста аз эътиқоди худ зотан дорои арзиш ҳастанд. Бо ин ҳол вай таъкид кард, ки дар ҷаҳони Ғарб қонунҳо бар шаъну эътибори инсон асос надоранд.
  

Ҳусайн Муҳаммади Сират мудири минтақаи Осиёи муовинати байналмилали дафтари ҳифзу нашри осори мақоми муъаззами раҳбарӣ низ дар ин нишаст бо ишора ба ин ки ислом зомини ҳуқуқ ва муддаии ҳуқуқи башар аст афзуд, ки ғарбиҳо истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башар доранд ва ҳар кишваре мухолифи ғарб ва Амрикост. 

Шайх Ҳамза Ойдин аз уламоии Туркия, муҳаққиқ ва имоми ҷумъаи Истанбул, Ҳозим Курол муҳаққиқ ва нависандаи Туркия ва Эмин Ансорӣ дабири кулли созмони ҷавонони ҳуқуқи башар аз Эрон, аз дигар суханронони ин нишаст буданд. 

342/