ABNA24 : Ба гузориши хабаргузории «Эрон Пресс», Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар ин кишвар афзуд: Дар шабонарӯзи гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ ҳашт ҳазору 525 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ шуд ва 764 нафар бистарӣ шуданд.
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон изҳор дошт: Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар ин кишвар ба як миллиону 656 ҳазору 699 нафар расидааст.
Лорӣ гуфт: То кунун як миллиону 413 ҳазору 717 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Бемории Ковид - 19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 115 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллиону 562 ҳазор нафар низ бар асари он ҷони худро аз даст додаанд.
342/