ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷики шомили донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон дар номае ба бозҷӯӣ ва боздошти беш аз 50 тан аз донишҷӯёни тоҷик дар ҳоли таҳсил дар Эрон пас аз бозгашт ба кишварашон ишора карда ва аз Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ вазири кишвари ҷумҳурии исломии Эрон хостанд то дар сафар ба Душанбе ин масаъларо аз мақомоти ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ кунад.
Номаи донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон ба шарҳи зер аст:
Ба исми таоло
Ассалому алайкум ҷаноби оқои Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири муҳтарами кишвари ҶумҳурииИсломии Эрон.
Ба истеҳзор мерасонад ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷики муташаккил аз донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон, зимни қадрдонӣ аз ҳусни мизбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи ҳудуди 30 соли гузашта аз донишҷӯёни тоҷик, бо тавваҷӯҳ ба сафари ҳазрати олӣ ба кишвари Тоҷикистон лозим медонад матлаберо хизмататон баён намояд.
Тайи моҳҳои ахир мақомоти амниятии ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоде аз шаҳрвандони худро, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил кардаанд ба баҳонаҳои мухталиф боздошт ва додгоҳи он кишвар онҳоро муҳокима кардааст.
Беш аз 50 тан аз донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон пас аз бозгашт ба кишвар боздошт шуда ва мавриди шиканҷа ва бозҷӯӣ қарор гирифта, теъдоде аз онон озодии машрути гирифта ва теъдоди дигар ба ҷурмҳои воҳӣ муттаҳам ва ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд.
Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳомоте аз қабили ифротгароӣ, тероризм ва ҷосусӣ барои Ҷумҳурии Исломии Эронро дар хусуси ин афрод матраҳ кардаанд. Ин дарҳолест, ки ин донишҷӯён ба сурати қонунӣ ва бо иқомати мӯътабар дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон машғул ба таҳсил будаанд.
Бар асоси иттилооти ба даст омадаи додгоҳи ин афрод пушти дарҳои баста анҷом гирифта ва онҳо ба 6 то 14 сол ҳабс маҳкум гаштаанд.
Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик хостори пайгирии ҷиддии ин масъала тавассути ҳазрати олӣ аз мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо ташаккур
Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик
(донишҷӯёни муқими Эрон)
342/