ABNA24 : Ба гузориши хабаргузории Анатолия,Раҷаб Тайиб Ардуғон, ки дар паёми тасвирӣ ба муносибати оғоз ба кори як шабакаи телевизиюнии муштараки Амрико ва Туркия сухан мегуфт, афзуд: Дар давраи ахир шоҳиди масире будем, ки дар он дӯстии Туркияву Амрико ба таври ҷиддӣ дар вартаи озмоиш қарор гирифт.
Раиси ҷумҳӯрии Туркия ба ҳузури Фатҳуллоҳ Гулин-раҳбари гурӯҳе ба ҳамин ном дар Амрико ишора кард ва гуфт: Ҳузури кудатогарон дар кишваре, ки муддаии сардамдории демокросй ва озодӣ аст таноқузи бузургӣ ба шумор меояд.
Равобити Анқара бо Вашингтон дар моҳҳои гузашта бар сари тасмими Туркия барои хариди сомонаи мушакии С-400 аз Русия дучори таниш шуда ва мақомоти Амрико таҳдид кардаанд дар сурати идомаи исрори Анқара бар хариди ин сомона, фанноварии тавлиди ҷангандаҳои F-35- ро аз Туркия хориҷ хоҳанд кард.Супурдани ин ҷангандаҳо ба Туркия низ мутаваққиф шуда ва тавлидкунандагони Туркия аз барномаи тавлиди муштараки ин ҷангандаҳо ҳазф хоҳанд шуд .
Амрико муддаӣ аст, ки чунин иқдоме дар чорчӯби сохтори дифоии Ғарб ҳамхонӣ надорад ва таҳдиде барои ҷангандаҳои F-35-и насли панҷум хоҳад буд .
342/