ABNA24 : Ба гузориши пойгоҳи хабарии остони Қудси Разавӣ, бонӯи ҷавони олмонӣ дар нахустин ташарруфи худ ба Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар шаби мелоди ҳазрати Заҳро (с), пас аз адои шаҳодатайн ба дини Ислом мушарраф шуд ва номи мубораки “Фотима” -ро барои худ баргузид.
Вай гуфт: Орзӯ доштааст то дар ҳарами имом Алӣ бин Мӯсо Ризо (а) ба дини Ислом мушарраф шавад.
Дар поёни ин маросим ба ҳиммати мудирияти зоирони ғайриэронии остони Қудси Разавӣ маҳсулоти фарҳангие шомили Қуръони карим бо тарҷумаи олмонӣ, китобҳои эътиқодӣ ва дигар маҳсули мутабаррик ба ин бонӯи тозамусулмон эҳдо шуд.
342/