26 Январ 2021 - 16:45
Миср 50 нафар раҳбарони "Ихвонул-Муслимин"-ро дар феҳристи террористӣ қарор дод

Мақомҳои қазоии Миср 50 нафар раҳбарони гуруҳи "Ихвонул-Муслимин"-ро, ки фаолияти он дар ин кишвар мамнӯъ аст дар феҳристи террористӣ қарор доданд.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам; расонаҳои мисрӣ эълом карданд, ки додгоҳи ҷиноӣ дар Қоҳира ( пойтахт) дар ҳукме 50 тан аз раҳбарони "Ихвонул-Муслимин"-ро аз торихи судури ин ҳукм дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ дохил кард.

Дар ин феҳрист номи раҳбарони муҳими "Ихвонул-Муслимин"и дида мешавад.

Додгоҳ ҳамчунин тасмими пешини худро мабнӣ бар гунҷондани номи "Ихвонул-Муслимин" дар феҳристи гуруҳҳои террористиро 5 соли дигар тамдид кард.
 

Қарор додани номи 50 нафар аз раҳбарони "Ихвонул-Муслимин" дар феҳристи террористӣ аз сӯи давлати Миср дар ҳолест, ки Қоҳира ахиран ва баъд аз нишасти сарони Шӯроии Ҳамкории Халиҷи Форс дар Арабистон равобити худро бо кишвари Қатар ба унвони яке аз ҳомиёни "Ихвонул-Муслимин" аз сар гирифтааст.

Миср, Арабистон, Иморот ва Баҳрайн се сол қабл Қатарро ба иттиҳоми ҳимоят аз гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла "Ихвонул-Муслимин" таҳрим карда буданд.
 
Мақомҳои мисрӣ озармоҳи гузашта низ эълом карданд, ки гуруҳи "Ихвонул-Муслимин" ва 21 тан аз мухолифони ин кишвар ба муддати панҷ соли дигар дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ қарор гирифтанд.

342/