ABNA24 : Ба гузориши пойгоҳи хабарии Собирин нюз, шаҳрвандони ироқӣ шаби гузашта бо ҳузур дар хиёбони мунтаҳӣ ба фурӯдгоҳи байналмилалии Бағдод, ки соли гузашта худрави ҳомили сардор Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис ва дигар ҳамразмонашон дар онҷо ҳадафи ҳамлаи Амрико қарор гирифт бо равшан кардани шамъ ва хондани дуо ёди фармондеҳони пирӯзиро гиромӣ доштанд.
Дар ин маросим шуморе аз фармондеҳони басиҷи мардумии Ироқ бар идомаи роҳи фармондеҳони муқовимат, гирифтани интиқоми хуни онҳо ва берун кардани ишғолгарони амрикоӣ аз Ироқ таъкид карданд.
Ҳамзамон маросими дигаре ҳам дар канори мазори шаҳид Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис дар Наҷафи ашраф баргузор шуд.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террорист амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.
342/