22 Декабр 2020 - 16:46
Шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон аз 54 ҳазор нафар гузашт

Шумори ҷонбохтагони қатъии Ковид - 19 дар Эрон аз 54 ҳазор нафар гузашт.

ABNA24 : Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе бо эъломи охирин омори беморону ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 208 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ ва 915 нафар бистарӣ шуданд”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт: “Дар 24 соати гузашта бо фавти 187 бемори дигар аз беморони Ковид - 19 теъдоди маҷмӯи ҷонбохтагон дар Эрон ба 54 ҳазору се нафар расид”.

Лорӣ афзуд: “Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 170 ҳазору 743 нафар расида, ки хушбахтона то кунун 903 ҳазору 998 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”.

Дар ҷаҳон низ то кунун беш аз 77 миллион нафар ба вируси корона олуда шудаву беш аз як миллиону 700 ҳазор нафар низ бар асари Ковид -19 ҷони худро аз даст додаанд.

342/