22 Октябр 2020 - 13:43
Донишманди олмонӣ ба пизишкони тоҷик ташхиси коронаро меомӯзад

Як мутахассиси вирусшиноси олмонӣ бо таҷҳизоту васоил барои баргузарии давраи омӯзишии ташхиси бемории КОВИД-19 вориди Тоҷикистон шуд.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, доктор Иммануэл Лейфер ба ҳамроҳи хеш 3 ҳазор кити ташхиси вируси коронаро ба Тоҷикистон овардааст, ки дар баргузарии давраи омӯзишӣ барои пизишкони тоҷик дар ташхиси афроди мубтало ба вируси корона мавриди истифода қарор мегирад.

Давраҳо дар озмоишгоҳи миллии ташхиси бемориҳои уфунии Тоҷикистон баргузор мегардад ва тайи он бо истифода аз технологиҳои нав ба пизишкони тоҷик равишҳои сареъи мушаххас кардани афроди мубтало ба КОВИД-19 омӯзиш дода хоҳад шуд.

Ин давра ба муддати 10 рӯз идома хоҳад дошт.

Доктор Лейфер гуфтааст, ки дар поёни ин давра ба мутахассисони тоҷик барои муқобила бо густариши вируси корона кумакҳои мушовираӣ ва таҷҳизотӣ ироа хоҳад кард.

Бар асоси охирин эъломи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 613 нафар дар ин кишвар ба  КОВИД-19 мубтало шуда ва 80 нафар низ аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.

342/