21 Октябр 2020 - 17:53
Зиёда аз 70 мушаки ҷангии Қарабоғ ба Эрон фуруд омад

Рӯзи чаҳоршанбе 71 мушаки аз ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ партофташуда ба шаҳри марзии Худоофарин дар шимолу ғарби Эрон зарба заданд.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Алиёр Ростгӯ, муовини сиёсӣ ва амниятии волии Озарбойҷони Шарқӣ, рӯзи чаҳоршанбе гуфт: "Аз замони оғози муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар маҷмӯъ 68 ракета ба манотиқи марзии Эрон бархӯрд, аммо имрӯз танҳо 71 мушак ба шаҳри Худоофарин зарба заданд."

  • Мушакҳои даргирии Озарбойҷон ва Арманистон дар Эрон фуруд меоянд

Ростгӯ афзуд: зарбаи ин мушакҳо ба чанд деҳаи шаҳри Худоофарин то ба ҳол талафоти ҷонӣ ва молӣ ба бор наовардааст.

Муовини сиёсӣ ва амниятии волии Озарбойҷони Шарқӣ таъкид кард: "Аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Эрон чораҳои қонунӣ андешида шуданд ва ҷонибҳо  дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ огоҳии ҷиддӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дода шуданд."

342/