11 Октябр 2020 - 14:47
Шиносоии беш аз се ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон; фавти 251 нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 251 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

ABNA24 : Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо Содот Лорӣ рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, се ҳазору 822 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдоди як ҳазору 724 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба  сурати сарпоӣ хадамот  ироа шуд .

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 500 ҳазору 75 нафар расидааст, афзуд : мутаассифона дар 24 соати гузашта, 251 нафар аз беморони Ковид  -и 19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 28 ҳазору 544 нафар расидааст .
Ба гуфтаи сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 406 ҳазору 389 нафар аз беморон беҳбӯуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 37 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдоди дасти кам  як миллион нафар  ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 28 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд.
 Амрико бо ҳудуди 8 миллион мубтало ба вируси корона ва беш аз 219 ҳазор қурбонӣ, бештарин теъдоди мубталоёну ҷонбохтанро ба худ ихтисос додааст .

342/