ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммад Афиф масъули бахши расонаи Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Ал-Ҷанна таъсисоти санъатии як шаҳрванди лубнонӣ аст, ки дар он коргарон ҳузур доранд ва ҳеч мушаке дар он ҷо нест .
Афиф гуфт боздиди хабарнигорон ба ин далел сурат гирифт то дурӯғ будани иттиҳомҳои Бенямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва иқдоми вай дар таҳрики миллати Лубнон зидди муқовимат, фош шавад .
Нахуствазири режими саҳюнистӣ сешанбешаб дар суханронии маҷозии худ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, муддаӣ шуд Ҳизбуллоҳ дар таъсисоти Ал-Ҷаннаи бейрутӣ корхона ва анбори мушак дорад .
Сайид Ҳасани Насруллоҳ дабиркулли Ҳизбуллоҳи Лубнон низ сешанбешаб дар суханронии телевизиюнӣ ва дар вокуниш ба иддаои Натаняҳу гуфт: бахши расонаии Ҳизбуллоҳ боздиде барои расонаҳое дидорӣ, шунидорӣ ва навишторӣ дар минтақаи Ал-Ҷанна гузоштааст то афкори умумӣ аз ҳақиқат огоҳ шавад .
342/