ABNA24 : Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Алолам , мақомоти амниятии Ироқ эълом карданд ,ки дар ин махфигоҳ 5 мушак ва ҳамчунин теъдоде сакку(платформа)и партоби мушак кашфу забт шуда аст .
Аз суи дигар Содиқ Алҳусайнӣ-сухангӯи меҳвари устони Диоёла дар Алҳашдушаъбии Ироқ эълом кард:Нерӯҳои Алҳашдушаъбӣ барои аз байн бурдани сомонаҳои таблиғотии гуруҳи террористии ДИИШ аз ҷанги кибернитикӣ истифода кардаанд .
Алҳусайнӣ таъкид кард:Мо бо ҷанги таблиғотии ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муқобила кардаем,ки дар талош барои дуруғпардозӣ , ифтирову фиреб додани афкори умумӣ аст .
Бо вуҷуди шикасти ДИИШ дар ноябри 2017 ҳануз ҳастаҳои хомуши ин гурӯҳи террористӣ дар бархе манотиқи Ироқ ҳар аз гоҳе амалиёти террористӣ анҷом медиҳанд .
342/