Agence de Nouvelles d'Ahlul Bait (ABNA): Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, Муҳаммадҷаводи Зариф бо маҳкум кардани иқдоми Амрико дар таҳрими ин ду мақом, таъкид кард:Таслим шудан дар баробари режими Амрико танҳо иштиҳои ин режими зӯргӯро барои таҳрими афрод ва ниҳодҳо бештар мекунад.
Зариф афзуд: Танҳо роҳ барои таваққуфи ин ҷунуни бепоён, таваққуфи тан додан ба хости Амрико аст.
Вазорати хазонадории Амрико рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, номи Фатоу Бинсоуда-додситони Девони байналмилалии ҷазоӣ ва Факисо Мочочоко-раиси бахши равобит ва ҳамкориҳои ҳавзаҳоии қазоии ин девонро ба феҳристи ашхоси таҳти таҳрими Амрико афзудааст.
Майк Пампео-вазири хориҷаи Амрико низ таҳдид кард,ки ҳар фарди ҳақиқӣ ё ҳуқуқие, ки аз ин ду мақоми байналмилалӣ пуштибонӣ кунад машмули муҷозот хоҳад шуд.
Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико, моҳи июн фармони иҷрои таҳрими теъдоде аз мақомоти Девони байналмилалии ҷазоиро, ки дар таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи ҷиноёти низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон нақш доштаанд, содир кард.
Амрико ба анҷоми таҳқиқоти Девони байналмилалии ҷазоӣ бидуни дархости муҷаввиз аз Вашингтон мӯътариз аст.