ABNA24: Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, муфтии Қудс ва сарзаминҳои фаластинӣ эълом кард, ки ба муҷиби фатвое, ки соли 2012 дар бораи созишгарон бо Исроил содир кардааст, намози аморотиро дар масҷиди Ал-Ақсо мамнӯъ эълом мекунад.
Шайх Муҳаммад Ҳусейн дар гуфтугӯ бо хабаргузории расмии Олмон гуфт, ки дар соли 2012 фатвое содир кардааст, ки иҷозати сафар ба Қудс ва масҷиди Ал-Ақсоро бар асоси мавозини мушахасе дода буд, ки дар байни онҳо созишгарӣ набудааст.
Вай афзуд: "Аз он ҷое, ки тавофуқ миёни Аморот ва Исроил нишонаҳои созишро ба ҳамроҳ дорад, сафар ба Қудс барои аморотиҳо мамнӯъ аст."
Муфтии Қудс гуфт: "Сафар ба Қудс дар ростои созиш бо Исроил ҳаром аст, зеро иҷрои муомилаи қарн маҳсуб мешавад, ки Қудсро аз фаластиниён маҳрум кардааст."
342/