15 Август 2020 - 13:27
Ҳушдори тунди Рӯҳонӣ ба Аморот: Мабодо пои режими саҳюнистиро ба минтақа боз кунед

Раиси ҷумҳури Эрон ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳушдор дод, агар пои режими саҳюнистиро ба минтақа боз кунад бо вокуниши Эрон рӯбарӯ хоҳад шуд.

ABNA24: Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи рӯзи шанбеи Ситоди миллии муқобила бо коронаи Эрон, оддисозии равобити Аморот бо режими саҳюнистиро маҳкум карду гуфт: Иқдоми Аморот як иштибоҳи бузург ва хиёнат ба ормони миллати Фаластин ва Қудси шариф аст.

Рӯҳонӣ бо ҳушдор ба ҳокимони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар бораи боз кардани пои Исроил ба минтақа гуфт: Онҳо бояд ҳавосашон ҷамъ бошад ва аз хатои бузург ва амали хоинонае, ки анҷом доданд бозгарданд ва ин масири нодуруст ва ғалатро идома надиҳанд ва-агарна бархурди дигаре бо онҳо хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба Муомилаи қарн ва интиқоли бархе сафоратхонаҳо ба Қудси шариф бар хилофи муқаррароти байналмиллалӣ, эъломи тавофуқи Абузабии Тел-Авив дар ин замон ва аз сӯи Доналд Трампро иқдоми бархе давлатҳои арабӣ «барои хушомади ҳокиме, ки дар як кишвари ғарбӣ бино аст дар интихобот ширкат кунад» хонд.

Рӯҳонӣ гуфт: Барои ин ки як оқое дар Вашингтон овоз биёварад ба кишвари худ, миллати худ, мусулмонон ва дунёи араб хиёнат мекунанд ва ё ин ки фикр мекунанд агар ба душманони ислом ва Эрон наздик шуданд барои худ амният меоваранд, ки хато ва иштибоҳ аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба шикасти таърихии Амрико дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид гуфт: Иёлоти Муттаҳида дар тавтеаи таҳрими таслиҳотии Эрон бо хиффату хорӣ шикаст хурд.

342/