2 Август 2020 - 12:20
Охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон; Беҳбудии беш аз 268 ҳазор нафар

Сухангӯи беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазор бемори мубтало ба Ковид-19 ва беҳбудии беш аз 258 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

ABNA24: "Симо Содот Лорӣ" сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон имрӯз (якшанбе) дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълон кард; 

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 685 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 423 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина ва дарёфти дору, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.

Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмуи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 309 ҳазору 437 нафар расидааст, афзуд дар 24 соати гузашта 208 нафар аз беморони  КОВИД-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 17 ҳазору 190 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи  Вазорати беҳдошти Эрон то кунун 268 ҳазору 102 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта  ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз  18 миллион  нафар расидааст, ки аз ин теъдод  ҳудуди 690 ҳазор нафар ҷон бохта ва дасти кам 11 миллиону 345 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.

342/