ABNA24: Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, ин омодабоши Исроил дар пайи шаҳодати яке аз аъзои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳамлаи шаби гузаштаи режими саҳюнистӣ дар Сурия аст.
Расонаи вобаста ба Ҳизбуллоҳи Лубнон аз шаҳодати Алӣ Комил Муҳсен дар ҳамлаи шаби гузаштаи режими саҳюнистӣ ба атрофи фурудгоҳи Димишқ хабар дод.
Расонаҳои исроилӣ гузориш медиҳанд, ки эъломи хабари шаҳодати ин узви Ҳизбуллоҳ ба манзилаи вокуниши ин ҳизб дар оянда хоҳад буд.
Бар асоси гузориши расонаҳои исроилӣ, муассисаи низомии ин режим дар марзҳои муштарак бо Лубнон ба ҳолати омодабош даромадааст.
342/