20 Июл 2020 - 11:01
Ҳааретс: Исроилиҳо ба суханони Насруллоҳ бештар бовар доранд то ба масъулони худашон

Рӯзномаи саҳюнистӣ навишт: Исроилиҳо ба ончи дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон мегӯяд бовар доранд.

ABNA24: Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретс рӯзи якшанбе навишт: Иллати таъсири фавқулодаи Саидҳасани Насруллоҳ садоқат, қотеият ва огоҳ будани ӯ ба умури Исроил аст.

Ҳааретс афзудааст: Саидҳасани Насруллоҳ артиши Исроилро аз Лубнон берун ронд ва навъе ҳолати боздорандагӣ дар баробари Исроил эҷод кард, ки дар кишварҳои арабӣ ҳамто ва монанде надорад.

Дар гузориши Ҳааретс омадааст: Исроилиҳо ончи Насруллоҳ мегӯядро бештар аз гуфтаҳои масъулони худ бовар мекунанд ба вижа, ки Насруллоҳ Исроилро сусттар аз хонаи анкабут медонад.

Дар ҳамин ҳол натиҷаи пажӯҳиши илмӣ, ки донишгоҳи Баиру-Сабаъ дар Фаластини ишғолӣ анҷом дода нишон медиҳад исроилиҳо аз сарони худ ноумед шудаанд ва дар рӯёрӯиҳои низомии баъдӣ, пушти сари онҳо ҳаракат нахоҳанд кард.

342/