ABNA24: Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 691 бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид -19” дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 625 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд.
Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони “Ковид -19” дар Эрон ба 248 ҳазору 379 нафар расидааст, афзуд: Дар тӯли 24 соати гузашта 153 нафар аз беморони “Ковид -19” ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 12 ҳазору 84 нафар расид.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 209 ҳазору 463 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
342/