ABNA24:Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Гулнора Амиршоева- сармуҳаррири рӯзнома гуфт: Мо ба самти нашри рақамӣ (диҷитал) меравем, ҳеҷ кас наметавонад дар баробари ин тағйир муқовимат кунад.
Ӯ афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба маҷозӣ шудани бештари хариду фурушҳо, вебгоҳи рӯзнома низ мухотаби хубе доштааст.
Гулнора Амиршоева, сармуҳаррири рӯзнома афзуд: Дар ҳоли ҳозир тарҳҳои мухталифи маҷозӣ ба сурати онлайн дар ин муассиса иҷро мешавад.
Вай гуфт: Бо тавсеаи технологӣ мардум тамоми иттилоот ва ахбори мавриди ниёз худро фақат аз тариқи телефонҳои ҳушманд (смартфон) дарёфт мекунанд ва ин фазои муносибе барои матбуот аст.
Ӯ муътақид аст, ки тавсеаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ ояндаи чопи коғазии нашриёт дар Тоҷикистонро номаълум кардааст.
Рӯзномаи русизабони Вечёрка аз соли 2011 мунташир мешавад ва масоили иқтисодиро баррасӣ мекунад.
342/