ABNA24: Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар эълом кард:
Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 368 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 1 114 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.
Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 204 ҳазору 952 нафар расидааст афзуд:
Дар тӯи 24 соати гузашта 116 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 9 ҳазору 623 нафар расид.
342/