(ABNA24.com) Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Наврӯз Одинаев бо ишора ба тасвиби қонуни ташдиди муҷозот барои интишори ахбори марбут ба корона дар парлумони Тоҷикистон, ки бо интиқоди шадиди созмонҳои байналмиллалии дидбони ҳуқуқи инсон ва маҳфилҳои рӯзноманигории ин кишвар рӯбарӯ шуд, гуфт: Акнун танҳо раиси ҷумҳур бо истифода аз ихтиёроти хеш метавонад ин модаро бекор кунад.
Пештар вазъи мушобеҳе дар мавриди афзоиши чандбаробарии нархи симкорти телефони мобелӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018 пеш омада буд, ки дар паи интиқоди шадиди маҳфилҳои байналмиллалӣ ва дохилӣ, Эмомалӣ Раҳмон ин тарҳро бекор кард.
Ба гуфтаи Одинаев, ба назар мерасад, ки намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар тасвиби модаи нави қонуни кайфарии ин кишвар бо шитоб амал кардаанд зеро бар асоси қавонин, полиси Тоҷикистон ҳақ надорад ашхоси бидуни ниқоби тиббӣ ва ё хабарнигоронро ҷарима кунад.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни кайфарии ин кишвар мизони ҷаримаи молӣ барои ашхоси ҳақиқӣ ва фаолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки омори мутафовит аз бемории КОВИД-19 бо омори расмиро мунташир мекунанд 580 сомонӣ (баробар бо 56 доллар) ва барои ашхоси ҳуқуқӣ 11 ҳазору 600 сомонӣ (баробар бо ҳазору 128 доллар) таъйин кардааст.
342/