(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, Бенямин Натанияҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт: Ҳануз тарсими нақшаҳо ба поён нарсидааст. Бояд ин фурсатро, ки аз ҳудуди 73 сол пеш то кунун шоҳиди он набудаем ба вижа дар сояи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ғанимат бишуморем.
Изҳороти Натанияҳу баъд аз он эрод шуд, ки шаҳракнишинон ӯро ба қабули ташкили кишвари Фаластин муттаҳам карда буданд.
Масъулоне, ки Натанияҳу бо онҳо дидор кард, эълом карданд Натанияҳу ба онҳо таъкид карда барои иҷрои тарҳи илҳоқ қабл аз аввали июл талош карда, аммо ба далели музокироти ташкили давлат ба таъхир афтодааст.
Натанияҳу дар ин нишаст таъкид кард, ки Амрико ҳануз ба Исроил барои илҳоқи манотиқе аз Каронаи Бохтарӣ чароғи сабз нишон надодааст.
Вай гуфт: Ихтилофоте бо амрикоиҳо дар бораи масоҳати заминҳои таъйиншуда вуҷуд дорад. Танҳо хостаи Амрико аз Исроил ба муҷиби тарҳи Трамп тавофуқи аввалия бо вуруд ба музокирот бо фаластиниҳо аст. Амрико тараферо, ки мехоҳад бо он музокира кунем "кишвари Фаластин" номидааст дар ҳоле, ки мо чунин номгузорие надорем.
Бино ба таъкиди Натанияҳу, раисони шаҳракҳои Каронаи Бохтарӣ дар тарсими нақшаҳо шарик мешаванд. Исроил сайтараи амниятӣ ва озодии равуоро ба сурати кунунӣ ҳифз хоҳад кард.
342/