(ABNA24.com) Муҳсини Баҳорванд- муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар умури ҳуқуқӣ ва байналмиллалӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо, дар хусуси иттифоқоти ахир барои теъдоде аз шаҳрвандони афғон дар рӯдхонаи Ҳарируд гуфт: Ба зудӣ нишасте байни мақомоти Эрон ва Афғонистон ба манзури пешгирӣ аз равуои ғайримуҷоз дар марзҳои ду кишвар баргузор хоҳад шуд.
Баҳорванд бо таъкид бар инки марзбонони Эрон аз неруҳои бисёр боназм ва қонунманд ҳастанд афзуд: Марзбонони эронӣ дар шароити сахт бо терроризм, маводди мухаддир ва равуоҳои ғайримуҷоз муқобила мекунанд.
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар умури ҳуқуқӣ ва байналмиллалӣ бо баёни инки тарафи афғонистонӣ ба истиноди мусоҳибаҳое, ки анҷом доданд муддаии дахолати неруҳои марзбонии Эрон дар ҳодисаи рӯдхонаи Ҳарирруд шудаанд тасреҳ кард: Бар асоси гузоришҳо, марзбонии Эрон, дахолате дар ин замина надоштааст, аммо Эрон мусоҳиба ва гузоришоти тарафи муқобилро баррасӣ ва дар сурати вуҷуди нуктаҳои ҳуқуқӣ ба мароҷеи қонунӣ ва дахлдор ирҷоъ хоҳад дод.
Баҳорванд ҳамчунин бо ишора ба зарурати ҳамкории Эрон ва Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз равуоҳои ғайримуҷоз афзуд: Мутаассифона дар рӯзҳои ахир низ дар устони Язди Эрон, мушкилоте барои шаҳрвандони афғон рух дод ва то замоне, ки бо равуои ғайримуҷоз рӯбарӯ бошем, табаоте низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар умури ҳуқуқӣ ва байналмиллалӣ бо таъкид бар баргузории Комиссияи муштараки Эрон ва Афғонистон гуфт: Нишасти ин комиссия, ҳар сол ва бино ба зарурат бояд ташкил шавад ва ҳамакнун навбати тарафи афғон аст, ки ташкили ҷаласа диҳад, аммо ба далели шароити дохилии Афғонистон ин нишаст баргузор нашудааст.
342/