(ABNA24.com) Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар посух ба паёми табрикии Ли Ҷон Шу ба муносибати интихоби вай ба раёсати Маҷлиси Шӯрои исломӣ, зимни ташаккур ва қадрдонӣ, таъкид кард: Бо таваҷҷӯҳ ба равобити роҳбурдии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Халқи Чин, Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон омодаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Кунгураи миллии халқи Чин аст.
Қолибоф афзуд: Парлумонҳои ду кишвар дар кӯмак ба тавсиаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии байни ду кишвар нақши муҳим доранд.
342/