(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, шаҳрҳои мухталифи Амрико ба вижа шаҳри Миннеаполис дар иёлати Миннесотаи ин кишвар, ин рӯзҳо саҳнаи тазоҳуроти мардуми эътирозгар ба рафтори нажодпарастонаи полиси ин кишвар аст.
Як афсари полиси сафедпӯст дар Амрико, душанбеи ҳафтаи гузашта Ҷорҷ Флойд- шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоиро дар шаҳри Миннеаполис ба таври фаҷеъе ба қатл расонд.
Ин ҷиноят хашми мардуми Амрикоро дар пай доштааст, полис ва неруҳои амниятии амрикоӣ аммо ба дастури Трамп мардуми эътирозгарро саркуб мекунанд.