27 Май 2020 - 08:21
Паёми таслияти сафири Эрон ба муносибати даргузашти ҳунарманди саршиноси тоҷик

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе даргузашти устод Ҷурабек Назрӣ- устоди адабиёт ва ҳунарманди саршиноси тоҷикиро таслият гуфт.

(ABNA24.com)Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Муҳаммадтақии Собирӣ- сафири Эрон дар Душанбе дар паёми таслияти худ ба муносибати даргузашти устод Ҷурабек Назрӣ навишт: Ин ҳунарманд ва пажуҳишгари номошнои тоҷик, даврони умри худро дар ҷиҳати эътилои ҳунар ва забон ва адаби муштараки порсӣ сипарӣ кард.

Собирӣ афзуд: Осор ва ёдгорҳои арзишманди устод Ҷурабек Назрӣ дар ҳавзаи адабиёт ва санадпажуҳӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон ва Афғонистон низ бисёр шинохта шуда ва шахсияти ӯ мавриди эҳтироми тамомии аҳолии фарҳанг аст.

Ҷурабек Назрӣ- мудири Муассисаи мироси хаттии пажуҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони миллии илми Тоҷикистон, рӯзи душанбе дар синни 74 солагӣ даргузашт.

“Номанигорӣ дар Шоҳномаи Фирдавсӣ” ва «Лайлву Маҷнун, Мактабии Шерозӣ» аз осори ӯ ҳастанд, ки дар Эрон мунташир шудааст.