21 Май 2020 - 14:14
Пахши зиндаи баёноти Раҳбари муаззами Инқилоб бо уммати ҷаҳони ислом дар рӯзи ҷаҳонии Қудс

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ фардо , ҳамзамон бо охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон ва рӯзи ҷаҳонии Қудс, аз тариқи шабакаҳои дохилӣ ва байналмилаллӣ бо уммати ислом сухан хоҳанд гуфт.

(ABNA24.com)Ба гузориши радиои буранмарзии Садои Хуросон, Шурои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ рӯзи панҷ шанбе эълон кард  , баёноти Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ зуҳри фардо ҷумъа ба сурати зинда аз шабакаҳои мухталифи радио ва телевезиони дохилӣ ва байналмилаллӣ пахш хоҳад шуд. Охирин ҷумъаи моҳи рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузори шудааст. Рӯзи ҷаҳонии Қудс, миллатҳои озодихоҳи ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф, хашм ва инзиҷори худро нисбат ба ҷиноятҳои режими Саҳюнистҳо иброз ва ҳимояти қотеъи худро аз мардуми мазлуми Фаластин эълон мекунанд ва фарёди адолатхоҳӣ ва оходии Қудси шариф сар медиҳанд.