(ABNA24.com) ин рӯзҳо дар минтақаҳои пурҷамъият ва майдонҳои серодам ва пкр рафтуомади шаҳрҳои Кобул , Ҳирот, Нангарҳор , Бадахшон , Форёб ва Мазори шарифи Афғонистон тасвирҳои раҳбарони ҷиҳодии сиёсии ин кишвар ҳамроҳ бо шиорҳои ҳимоят аз Қудс ва Фаластин дар маърази диди мардум қарор дода шудааст.
Шуморе аз олимони динӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи густардаеро дар ҳимоят аз Қудс ва Фаластин ба роҳ андохтаанд зеро бо таваҷуҳ ба густариши вируси Корона маросими расмии рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол дар Афғонистон низ баргузор нахоҳанд шуд.
Муҳаммад Акбарӣ раҳбари Ҳизби Ваҳдати миллии исломии Афғонистон мегуянд мусалмонон бояд дар ҳамаи арсаҳо бо ҳаргуна кумаки молӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои ҳимоят аз мардуми мусалмон ва муҷоҳиди Фаластин иқдом кунанд.
Мардуми мусалмони Афғонистон бовар доранд ,ки Қудс қалби Фаластин ва ислом аст ва рӯзи Қудс, рӯзи мубориза бо зулм аст.