13 Май 2020 - 12:54
Охирин омори коронавирус дар Эрон: Фавти 50 нафари дигар, беҳбудии беш аз 89 ҳазор нафар

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард: То кунун аз миёни ҳудуди 112 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар, 89 ҳазору 428 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

(ABNA24.com)Ба гузориши радиои брунмарзии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти  Эрон рӯзи чаҳоршанбе  дар гуфтугӯ  бо хабарнигорон  дар бораи охирин омори мубталоён  ба коронавирус  дар Эрон, бо баёни ин ки дар 24 соати  гузашта, якҳзору 958 бемори нав шиносоӣ шудаанд, афзуд:  То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 112 ҳазору 725 нафар дар Эрон ба коронавирус  мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур  ҳамчунин бо ишора ба фавти  50 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт: Фавти бархоста аз коронавирус  дар Эрон ба 6 ҳазору  783 нафар расидааст.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти  Эрон бо баёни ин ки то кунун ҳудуди 630 ҳазор озмоиши ташхиси КОВИД-19 дар озмоишгоҳҳои кишвар анҷом шудааст, хотирнишон кард: Камтар аз 30 дарсади  мавориди нав аз бистарии бемористонӣ ва ҳудуди 70 дарсади маворид  аз афроде аст, ки нишонаҳои хафиф ва сабук доранд.