(ABNA24.com) Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНО, Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар иттилоияе эълом кард: Муҳаммадҳаниф Атмар дар ин гуфтугӯ аз сафари ҳайати давлатии Афғонистон барои баррасии ҳодиса ба Ҳарот хабар дод ва ёдовар шуд, ки ин ҳайат таҳқиқоти худро дар маҳалли ҳодиса оғоз кардааст.
Муҳаммадҷаводи Зариф низ аз интихоби ҳайати эронӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса итминон дода ва афзудааст, ки онҳо низ ба зудӣ таҳқиқоти худро дар маҳалли ҳодиса оғоз хоҳанд кард.
Ҳар ду тараф тавофуқ карданд, ки дар сурати зарурат, ҳайати муштарак метавонанд дар маҳалли ҳодиса ва дар шаҳрҳои Машҳад ва Ҳарот нишасти муштарак баргузор кунанд.
Ҳадаф аз ин таҳқиқ пай бурдан ба ҳақиқат ва пайдо кардани роҳкор барои ҷилавгирӣ аз такрори ҳодисаҳое аз ин даст дар оянда хонда шудааст.
Бархе расонаҳои Афғонистон рӯзи якуми май муддаӣ шуданд марзбонони эронӣ чандин муҳоҷири ғайриқонунии афғонро, ки барои ёфтани кор роҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон шуда буданд боздошт карда ба рӯдхонаи Ҳарируд андохтаанд, ки дар натиҷа чанд муҳоҷир кушта шудаанд.
Марзбонии неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва консулгарии Эрон дар Ҳарот иддаои расонаҳоро рад кардаанд.