(ABNA24.com) Ба гузориши ИСНА, Риёз Алмоликӣ, вазири хориҷаи ташкилоти худгардони Фаластин аз гузориши Фату Бенсуда, додситони Девони Кайфарии Байналмилалӣ дар бораи ҳаққи тарҳи даъвии Фаластин алайҳи мақомоти режими саҳюнистӣ дар ин додгоҳ истиқбол кард.
Вай дар ин бора афзуд, додситони Девони Кайфарии Байналмилалӣ муҳри таъйид бар ин ҳақиқат зад, ки ихтиёроти қонунии ин девон шомили сарзамини Фаластини ишғолӣ, ки шомили Каронаи бохтарӣ ва аз ҷумла Қудси Шарқӣ ва навори Ғазза низ мешавад.
Алмоликӣ дар идома аз Девони Кайфарии Байналмилалӣ хост, ки муқаддамоти аввалия барои судури тасмими худро дар сареътарин замони мумкин фароҳам кунад.
Дар ҳамин ҳол, Соиб Ариқот, дабири кулли кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) гузориши Бенсудоро шуҷоъона ва масъулона хонд.
Вай таъкид кард, ифтихор мекунам, ки вазифаи додситонии Девони Кайфарии Байналмилалӣ барои иҳқоқи адолате, ки ин девон ба хотири он ташкил шуда, ба Фатк Бенсуда вогузор шудааст.
Додситони Девони Кайфарии Байналмилалӣ панҷшанбе дар гузорише ҳаққи Фаластинро барои муроҷиа ба ин девон ба манзури пайгарди қонунии Исроил ба далели ҷиноёт ва тахаллуфоти худ ба расмият шинохт.
Фату Бенсуда эълом кард, ки фаластиниҳо метавонанд аз тариқи ин додгоҳ алайҳи мақомоти режими саҳюнистӣ ба далели ҷиноёти муртакибшуда алайҳи онҳо иқдоми қазоӣ кунанд.
342/