(ABNA24.com) Ба нақл аз сомонаи Вазорати ҳамлу нақли Узбакистон, ронандагони мошинҳои борбарии Тоҷикистони акнун метавонанд аз тариқи гузаргоҳҳои марзии Сариосиё, Ойбек ва Сарбанд вориди қаламрави Узбакистон шаванд.
Дар ин дастур таъкид шудааст, ки кормандони Хадамоти гумруки Узбакистон ронандагони мошинҳои борбарии тоҷикистониро барои хариди маҳсулот ва маводи ғизоии мавриди ниёзи Тоҷикистон ба марокизи тиҷорӣ ва анборҳои захираи ин колоҳо ҳидоят хоҳанд кард.
Ҳамчунин аз ронандагони тоҷик ҳангоми вуруд ба хоки Узбакистон озмоиши вируси корона гирифта хоҳад шуд.
Ронандагони тоҷикистонӣ муваззаф шудаанд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои Узбакистон ниқоби тиббӣ, дасткаш ва либоси ҳифозатӣ дошта бошанд.
Миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 18 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дорад, ки аз 16 марти имсол ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона баста шудаанд.
342/