(ABNA24.com) Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон, бо ишора ба шиносоии як ҳазору 6 бемори ҷадид дар 24 соати гузашта гуфт, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 95 ҳазору 646 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 63 нафар дар 24 соати гузашта афзуд, фавт аз вируси корона дар Эрон ба 6 ҳазору 91 нафар расидааст.
342/