28 Апрел 2020 - 12:22
Машварат ва ройзании сафири Эрон дар Маскат ва вазири Дивони султонии Уммон дар хусуси таҳаввулоти минтақа

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскат ва вазири Дивони султонии Уммон дар бораи таҳаввулоти минтақа ва шуйюи вируси корона машварат ва гуфтугӯ карданд.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадризо Нурии Шоҳрудӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскат бо сарлашкар Султон ибни Муҳаммад Ал-Нуъмонӣ- вазири Дивони султонии Уммон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дар хусуси охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва ҳамчунин мабоҳиси муртабит бо шуйюи вируси корона, баҳс ва табодули назар шуд.

Шоҳрудӣ дар ин дидор аз вазири Дивони султонии Уммон ба хотири эътои кумакҳо ва тасҳилоте, ки Маскат тайи ҳафтаҳои гузашта барои бозгашти эрониён ба кишвар фароҳам кардааст, қадрдонӣ ва ташаккур кард.

342/