(ABNA24.com) Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ин нуктаи муҳимми арзишманди Қуръониро дар аввалин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон, дар маросими унс бо Қуръон, ки рӯзи шанбе дар мусаллои Теҳрон ва иртиботи зиндаи тасвирӣ бо ҳусайнияи имом Хумайнӣ(раҳ.) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ баргузор шуд, баён карданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини ин мавзӯъ афзуданд, як даста аз дастурҳои корбурдии Қуръон, наҳваи қоидасозӣ дар зиндагӣ аст, агар ин қоидасозӣ бар мабнои қудрат, пул ва шаҳват бошад, инсон аз зиндагии воқеӣ ва ухравӣ бенасиб хоҳад монд, аммо агар инсонҳо бинои зиндагии худро дар дунё бар асоси некӣ ва ҳасана қарор диҳанд, илова бар манофеи дунявӣ қатъан ба мақосиди воқеӣ ва ҳақиқии зиндагӣ низ хоҳанд расид.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар баёноташон ҳамчунин «парҳез аз эътимод ва гароиш ба золимон», «риояти қист ва адл ва инсоф дар зиндагӣ» ва «хиёнат накардан дар амонат»-ро аз дигар дастурҳои ислом баршумурданд ва таъкид карданд: “Ҳарос аз Амрико натоиҷи талхеро ба бор хоҳад овард ва мо дар солҳои гузашта дар бархе давлатҳо мушоҳида кардем, ки тарс аз Амрико, онҳоро дучори чӣ мушкилоти сахте кард”.
Миллати Эрон аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломӣ то ба имрӯз, дар муқобили тавтеаҳои душманон истода ва нуфузнопазирии худро дар муқобили душманон ба исбот расондааст. Раҳоӣ аз шарри ҳукумати истибдодӣ ва салтанатии маврусӣ, истодагӣ дар муқобили ҳамаи тавтеаҳои Амрико, афзоиши эътибор ва эҳтироми Эрон дар минтақа ва ҷаҳон, рафъи таҳқиршудагии таърихӣ ва ҳифзи иззати миллӣ дар баробари сиёсати тавсеаталабӣ ва инҳисорталабии Амрико аз сарфаслҳои дастовардҳои чаҳордаҳаи нахусти пирӯзии Инқилоби Исломӣ аст. Миллати Эрон пас аз пирӯзии инқилоб, бо такя бар омӯзаҳои Қуръон ва раҳоӣ бахши башарият аз зулм, ҳамаи муодилот ва муҳосиботи душманонро барҳам зад.
Он гуна, ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ,баён кардаанд: “Шикастнопазирии миллати Эрон дар муқобили таҳдидҳо ва фишорҳо ва тавтеаҳо, ношӣ аз баракати Исломи азиз аст”.
Азамати Эрон як воқеияти таърихӣ аст, ки душманони миллати Эрон дар тавтеаҳояш ноком кардааст. Дар 41 соли гузашта, Эрон тавонистааст дар арсаи сахт ва душвор, сарафроз биистад ва зарфиятҳои дарунии худро нишон бидиҳад.
Бахше аз ин дастовардҳоро метавон дар заминаҳое ҳамчун, "дурахшаши иқтидори миллати Эрон дар муқобили низоми султа", "асаргузорӣ дар таҳавулоти сарнавиштсози минтақа" ва "улгӯсозӣ дар заминаи муқовимат алайҳи қудратҳои истикборӣ" баён кард.
Инқилоби Исломӣ бо такя бар мабонии роҳбурдӣ дар омӯзаҳои қуръонӣ, таслимнопазирӣ дар муқобили низомҳои султаро, асл қарордод ва роҳи истиқлол ва худбовариро дар пеш гирифт. Иллати аслии ҳамаи душманиҳои қудратҳои истикборӣ бо ин инқилобро мебоист дар ҳамин нукта дид. Имрӯз ҷабҳаи бузурге аз душманон дар муқобили низоми исломӣ қарор доранд, ки ҳадафи ҳамаи онҳо нобудӣ ё аз дарунтиҳикардани Ҷумҳурии исломӣ аст, аммо натавонистаанд ба ин ҳадаф бирасанд.
Дар нигоҳи раҳбари инқилоб, уммати исломӣ бо такя бар арзишҳои қуръонӣ метавонад аз мушкилот убур кунад, аммо шарти муҳимми он наҳаросидан аз таҳдидҳои душманон аст. Раҳбари муаззами инқилоб, танҳо роҳи наҷоти башарият аз зулм, табъиз, ҷанг, ноамнӣ, лагадмол шудани арзишҳо ва ҳоким шудани амният ва саломат ва осоишро амал ба дастурҳои корбурдии Қуръон донистанд ва ибрози умедворӣ карданд, оҳоди миллат ва мусалмонон ва бавижа давлатҳои исломӣ ва масъулин тавфиқи амал ба дастурҳои корбурдии Қуръонро биёбанд, зеро нусхаи шифобахши мушкилот аст.
Аз ин дидгоҳ ва ба далоили роҳбурдӣ, суханони раҳбари муаззами инқилоб дар маросими унс бо Қуръон, манзумае аз умури муҳим аст, ки метавонад сарнавишти ҷаҳони исломро дар партави амал ба омӯзаҳои қуръонӣ дар масири эътило, иқтидор ва иззатманде қарор диҳад.
342/