(ABNA24.com) Ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Беморхонаи марказии вилояти Суғд ба таври ғайрирасмӣ аз як маркази пизишкии чандриштаӣ ба маҳалли карантини бемориҳои роҳи нафас табдил шудааст.
Маъруфҷон Хоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд 25 апрел ин матлабро такзиб кард.
Вай гуфт: Беморхонаи марказии вилояти Суғд маҳалли карантини беморон нашуда, балки бо таваҷҷуҳ ба шуйюи бемориҳои роҳи нафас тасмим гирифта шуд, ки аз кадри дармонии ботаҷрибаи бемористон барои дармони бемориҳои роҳи нафас кумак гирифта шавад. Чандин манбаи хабарӣ ҳам аз Хуҷанд гузориш доданд тамомии беморон ба ғайр аз бемороне, ки ҷарроҳӣ карданд ва даврони дармонро сипарӣ мекунанд аз Беморхонаи марказии вилояти Суғд ҷавоб дода шуданд ва ин бемористони дорои 700 рахти хоби бемористонӣ барои дармони мубталоён ба илтиҳоби шуш таҷҳиз шудааст. Ҳамчунин аз 25 апрел равуои афрод ба бемористон контрол мешавад ва фақат афроди хос ва худравҳои вижа муҷоз ба вуруд ба бемористон ҳастанд. Илҳом Ҷабборов, сардори Сарраёсати хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ҳам гуфт: Карантини беморон дар ин бемористон барои пешгирӣ аз шуйюи беморӣ ва ҳамчунин тамаркуз ва диққати бештар барои дармони беморон аст.
Ба гуфтаи вай то кунун 10 бемори мубтало ба илтиҳоби шуш дар Беморхонаи марказии вилояти Суғд бистарӣ шуданд. Ҷабборов афзуд: Баъд аз 14 рӯз карантин агар натиҷаҳои озмоиши коронаи беморон манфӣ бошад онҳо аз бемористон ҷавоб дода мешаванд.
342/