25 Апрел 2020 - 13:47
Беҳбудии беш аз 66 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 66 ҳазору 596 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

(ABNA24.com) Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон гуфт, дар 24 соати гузашта ҳазору 168 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд ва то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 88 ҳазору 194 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин гуфт, дар 24 соати гузашта дар Эрон 93 нафар дар асари ибтило ба “Ковид -19” фавт кардаанд, ки ба ин тартиб шумори қурбониёни бемории корона дар Эрон ба панҷ ҳазору 574 нафар расидааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 2 миллиону 700 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 191 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 751 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

342/