14 Апрел 2020 - 16:48
Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои эътилофи Саудӣ ба Яман; 100 ҳамла дар 72 соат

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман якшанбешаб эълом кард: Ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ тайи 72 соати гузашта беш аз 100 бор минтақаҳои мухталифи ин кишварро бомбаборон кардаанд.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Яҳё Сариъ хотирнишон кард: Вилоятҳои Алҷавф ва Маъраби Яман ҳадафи бештарин ҳамалоти ҷангандаҳои эътилоф Саудӣ қарор гирифтаанд.

Бар асоси эъломи сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман ба рағми иддаои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ бар асоси барқарории оташбас, неруҳои ин эътилоф низ тай 72 соати гузашта беш аз 12 маротиба барои ҳамалоти заминӣ ба манотиқи мухталифи Яман талош карданд.

Турки Ал-Молики, сухангӯи эътилофи мутаҷовизи саудӣ бомдоди панҷшанбе аз эъломи тавофуқи оташбас дар Яман хабар дод, аммо ҳануз соате аз эъломи оташбаси намоишии саудӣҳо дар Яман нагузашта буд, ки ин эътилоф, оташбаси якҷонибаи худро поймолсозӣ кард.

Яманиҳо эъломи оташбас аз сӯи эътилофи Саудиро тактики Арабистон ҷиҳати хариди замон барои бозсозии қувваҳои худ медонанд.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо ямани мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводди ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

Режими Саудӣ ва муттаҳидонаш то кунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар (ба қудрат расондани дастнишондагони худ) бирасанд.

342/