(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдоши Эрон рӯзи якшанбе дар гуфту гу бо хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 38 ҳазору 309 нафар ба вируси Корона дар Эрон гуфт: бо ҷон бохтани 123 бемори мубтало дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагон дар Эрон ба 2640 нафар расид.
Ҷаҳонпур афзуд: токунун беш аз 50 миллион нафар дар тарҳи басиҷи миллии муқобила бо Корона дар Эрон ғелболгарӣ шудаанд.
Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармони давлати Эрон бо кумаки нерӯҳои мусалаҳ, фароянди ташхиси зуд ҳангом, радёбии афрод дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон карантин ва дармони афроди мубтало ба вируси Корона бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.
342