(ABNA24.com) Аъзои тими ихтирооти донишомӯзӣ ва донишҷӯии Эрон бо ширкати 10 ихтироъкор ва дарёфти 2 медали тило, 2 нуқра, касби ду ҷоизаи вижа ва касби дипломи ифтихор аз мусобиқоти ҷаҳонии донишгоҳии Донишгоҳи миллии кишвари Таиланд ва касби унвони тарҳи бартари ҷаҳонӣ аз KIPA-и Кореяи Ҷанубӣ, тавоноии илмии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар ин мусобиқот кишварҳои Амрико, Олмон, Англия, Фаронса, Хорватия, Тайван, Ҳинд, Малайзия, Арабистон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон бо ду ҳазор ихтироъкор бо ҳам рақобат карданд.