(ABNA24.Com) Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ дар тамоси тилифонии Раҷаб Тайиб Эрдуғон- раисиҷумҳури Туркия бо ишора ба аҳамияти вижаи ҳамкориҳои сеҷонибаи Эрон,Туркия ва Русия барои ҳалли мушкили Сурия гуфт, Эрон барои мизбонии даври баъдии нишасти сеҷониба дар чорчуби раванди Остона омодагӣ дорад.
Раисиҷумҳури Эрон, раванди Остонаро барои амнияти минтақа як дастоварди бузург қаламдод кард ва афзуд, қатъан афзоиши таниш ба суди ҳеҷ кишваре дар минтақа нест ва бояд аз тариқи гуфтугӯ масоил ҳаллу фасл шавад ва набояд иҷоза дод раванди Остона тазъиф шавад.
Руҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар тавсеаи равобити дуҷониба бо Туркия дар ҳамаи заминаҳо, ибрози умедворӣ кард, Камиссиони ҳамкориҳои ду кишвар дар мавъиди таъиншуда баргузор шавад.
Раисиҷумҳури Эрон дар идома бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардии раисиҷумҳури Туркия дар мавриди ҷонбохтагони коронавирус дар Эрон гуфт, Теҳрон омодагӣ дорад бо иҷрои сареъи протоколи тандурӯстии муштарак миёни Эрон ва Туркия барои муқобила бо ин вирус, заминаро барои идомаи ҳамкориҳо ва табодулоти тиҷорӣ ва рафту омади шаҳрвандони ду кишвар фароҳам кунад.
Раисиҷумҳури Туркия низ дар ин гуфтугӯи тилифонӣ бо таъсиргузор хондани нақши Эрон дар таҳаввулоти Сурия, гуфтугӯҳои сиёсиро танҳо роҳи ҳалли мушкили Сурия хонд ва хостори мусоидат ва ҳамкории Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин замина шуд.
Эрдуғон бо таъкид бар таъсири тавофуқоти сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия дар чорчуби раванди Остона гуфт, ин гуфтугӯҳо натиҷаҳои хубе ба ҳамроҳ доштааст ва барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор бояд идома ёбад.
Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин зимни эъломи ҳамбастагӣ бо миллати Эрон ва ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои даргузаштагон дар асари коронавирус гуфт, Туркия омодаи ҳаргуна ҳамкорӣ ва кумак ба миллат ва давлати Эрон аст.