13 Феврал 2020 - 08:04
Сухангуи вазорати хориҷа ; посухи Эрон ба ҳаргуна иқдоми аҳмақонаи Саҳюнистҳо кубанда хоҳад буд

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт; Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари ҳаргуна таҷовуз ва ё иқдоми аҳмақонаи режими Саҳюнистӣ зидди манофеъи Эрон дар Сурия ва минтақа посухи кубанда ва пушаймонкунанда хоҳад дод.

(ABNA24.com) Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт; Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари ҳаргуна таҷовуз ва ё иқдоми аҳмақонаи режими Саҳюнистӣ зидди манофеъи Эрон дар Сурия ва минтақа посухи кубанда ва пушаймонкунанда хоҳад дод.

Ба нақл аз Идораи кули иттилоърасонӣ ва умури сухангуии Вазорати умури хориҷа , Сайидаббос Мусавӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иддаъоҳо ва таҳдидҳои як мақоми режими Саҳюнистӣ таъкид кард ; шолуда ва моҳияти ин режим дар 70 соли гузашта бар ишғоли сарзамини Фаластин ва кишварҳои ҳамсоя , куштор, ғорати амвол,терор ва таҷовуз бино шудааст. Мусавӣ афзуд ; ҳузури Ҷумҳурии исломии Эрон дар Сурия ба даъват ва тавофуқ бо давлати ин кишвар ва бо ҳадафи мубориза бо терорризм мавриди ҳимояти Амрико ва Исроил анҷом гирифта ва Эрон дар ҳаросат аз ҳузур дар Сурия ва дифоъ аз амнияти миллӣ ва манофеъи минтақаи худ лаҳзае даранг ва мумошот нахоҳад кард.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасриҳ кард ; Ҷумҳурии исломии Эрон таҳдидҳо ва изҳороти ҷангталабонаи режими ишғолгари Қудсро дар ҷомиъаҳои байналмиллалӣ пайгири хоҳад кард.

Нефталӣ Беннет вазири ҷанги режими Саҳюнистӣ бо такрори иддаъоҳои бесанади зидди ҷумҳурии исломии Эрон, гуфт ; Теловев пайваста дар талош аст то бо тазъифи Эрон , ин кишварро маҷбур ба хуруҷ аз Сурия кунад.



/129