8 Феврал 2020 - 10:13
Интиқоли моҳвора бари Симурғ ва моҳвораи Зафар ба пойгоҳи фазоии Имом хумайнӣ (р) барои партоб

Сухангуи гурӯҳи фазоии Созмони санойеъи ҳавофазо гуфт ; моҳворабари Симурғ ва моҳвораи Зафар барои иҷроии фароянди партоб ба пойгоҳи фазоии имом Хумайнӣ (р) дар устони Симнон ( шарқи Теҳрон ) мунтақил шуданд.

(ABNA24.com) Сухангуи гурӯҳи фазоии Созмони санойеъи ҳавофазо гуфт ; моҳворабари Симурғ ва моҳвораи Зафар барои иҷроии фароянди партоб ба пойгоҳи фазоии имом Хумайнӣ (р) дар устони Симнон ( шарқи Теҳрон ) мунтақил шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Сайидаҳмад Ҳусейнӣ бо баёни ин,ки фароянди партоби моҳвораи Зафар бо моҳвора бар Симурғ ба далели озмуни фановариҳои нави дорои шароити печида аст афзуд ; аввалин замоне ,ки ҳамаи шароит фароҳам шавад , амалиёти партоб анҷом хоҳад шуд.

Қарор аст моҳвораи эронии Зафар бо моҳвора бар Симурғ ба фазо партоб шавад ва дар мадори 500 киллометрӣ аз сатҳи замин қарор гирад.

Тасвирҳои моҳвораи Зафар метавонад дар пойиши захираҳои нафт , маъодан , баррасии ҷангалҳо ,баррасии заминҳои шур ва беоб ,баррасии амроз ва офоти гиёҳӣ ва истифода аз тасвирҳо дар ҷиҳати баррасии буҳронҳои табиӣ ба кор гирифта шавад.

Мушаки моҳворабари эронии Симурғ қодир аст моҳвораҳое то вазни 250 киллограмро дар мадори 500 киллометрии замин қарор диҳад.




/129